Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт бозиҳои дӯстона доир менамояд

Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи  Тоҷикистон  оид ба футбол таҳти роҳбарии Мубин Эргашев бо ҳамсолони худ аз Амороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт ду бозии дӯстона анҷом медиҳад. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон 14 ноябр бо дастаи  мунтахаби олимпии Амороти Муттаҳидаи Араб ва 17 ноябр бо дастаи мунтахаби олимпии Кувайт рақобати санҷишӣ доир менамояд. Ҳарду бозӣ дар шаҳри Дубай баргузор мешаванд.

Рақибони дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон  дар Ҷоми Осиё-2024 23 ноябр пас аз маросими қуръакашӣ муайян мешаванд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё аз 15 апрел то 3 майи соли 2024 дар  давлати Қатар баргузор мегардад.

Бозиҳои дӯстона  (U-23)

14 ноябр (сешанбе)

АМА–Тоҷикистон

ДубайАМА

17 ноябр (ҷумъа)

Кувайт  –Тоҷикистон

ДубайАМА

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE