ШИРКАТИ ҲАВОПАЙМОИИ «TURKISH AIRLINES» ШАРИКИ РАСМИИ ФЕДЕРАТСИЯИ ФУТБОЛИ ТОҶИКИСТОН ГАРДИД
Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати ҳавопаймоии «Turkish Airlines» бо ҳам созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд.
Маросими имзои созишнома имрӯз, 10 июл дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Қарордодро дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон Фурқат Ахмедҷонов ва директори генералии намояндагии ширкати ҳавопаймоии Туркия дар Тоҷикистон Осмон Карим Аванаш имзо карданд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дар чаҳорчӯби барномаи шарикӣ Федератсияи футболи Тоҷикистон ва ширкати ҳавопаймоии «Turkish Airlines» тасмим доранд, ки дар якҷоягӣ чорабиниҳои муштараки маркетингӣ, таблиғотӣ ва PR-ро баргузор кунанд.
Фурқат Ахмедҷонов, дабири кулли Федератсияи футболи Тоҷикистон:
– Дар доираи ин созишнома Федератсияи футболи Тоҷикистон шарики боэътимод пайдо мекунад. «Turkish Airlines» яке аз бузургтарин ва бароҳаттарин ширкатҳои ҳавопаймоии ҷаҳон аст. Итминон дорам, ки ҳамкории мо пурсамар хоҳад буд.
Осмон Карим Аванаш, директори генералии намояндагии ширкати ҳавопаймоии «Turkish Airlines» дар Тоҷикистон:
– Мо шодем, ки шарики Федератсияи футболи Тоҷикистон шудем. Тасмими бастани шартномаи ҳамкорӣ бо ФФТ идомаи мантиқии сиёсати ширкати ҳавопаймоии мо дар самти тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дастгирии варзиш аст.