Боздиди Заробиддин Қосимӣ аз Академияи арабӣ оид ба илмҳо, технология ва ҳамлу нақли баҳрӣ

16 июли соли 2023 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Заробиддин Қосимӣ аз Академияи арабӣ оид ба илмҳо, технология ва ҳамлу нақли баҳрӣ воқеъ дар шаҳри Қоҳира боздид ба амал овард.Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни боздид ва шиносоӣ бо фаъолияти Академия мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо президенти Академия профессор Исмоил Абдулғаффор, ҳамчунин устодону масъулон ва коршиносони аршади он баргузор гардид.

Дар мулоқот масоили ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва тадқиқоту пажӯҳиши илмӣ-техникӣ баррасӣ гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE