Дар ҳудуди ҷумҳурӣ заминларза рух дод

Мувофиқи маълумоти Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон , имрӯз, 19-уми июл, соати 12:26 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар заминларза ба қайд гирифта шуд.

Дар ин бора аз КҲФ ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Маркази он 232 км ҷанубу шарқ аз шаҳри Душанбе ва 161 км ҷанубу ғарб аз шахри Хоруғ дар ҳудуди Афғонистон буда, қувваи заминларза дар марказаш 4 балл ва дар Душанбе 2 баллро ташкил додааст.

Хисорот ва талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE