Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи ҳамкориро бо ширкати ҷаҳонии «Coca-Cola» тамдид намуд
Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи ҳамкориро бо ширкати ҷаҳонии «Coca-Cola» тамдид намуд. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Маросими имзои қарордод имрӯз, 21 июл дар дафтари Федератсияи футболи Тоҷикистон бо ҳузури намояндагони расонаҳои хабарӣ баргузор шуд.
Аз ҷониби ФФТ қарордодро ноиби президент Дилшод Ҷӯразода ва аз ҷониби ширкати «Coca-Cola» директори генералӣ дар Тоҷикистон Сунай Шанлӣ имзо намуданд.
«Федератсияи футболи Тоҷикистон беш аз шаш сол боз бо ширкати машҳури «Coca-Cola» ҳамкорӣ дорад ва мо шодем, ки ҳамкории мо идома меёбад. Тибқи шартнома, дар марҳилаи нави ҳамкорӣ ширкати «Coca-Cola» барои дастгирии футболи мо ҳудуди 3 миллион сомонӣ ҷудо мекунад», — таъкид намуд ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода.
Ба гуфти директори генералии «Coca-Cola» дар Тоҷикистон Сунай Шанлӣ, ҳамкории дуҷонибаи мутақобилан судманд ба рушди минбаъдаи футбол дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон