Дар асари боронҳои шадид дар Италия обхезӣ ба амал омад
Дар шимоли Италия боронҳои пай дар пай ба баланд шудани оби руду дарёҳои ин кишвар сабаб гардид, ки дар натиҷа маҳалҳои аҳолинишин хисороти моллиро ба бор овард.
Расонаҳои иттилоотии Италия хабар медиҳанд, ки боришоти зиёд ба ҳаракати автомобилҳо ва ба роҳҳои оҳани ин кишвар монеъ эҷод намудааст. Ба гуфтаи расонаҳои маҳаллии ин кишвар дар пайи ин ҳодиса беш аз 5 ҳазор хоҷаги аз истифодаи қувваи барқ маҳрум гардида, нуҳ нафари дигар ба ҳалокат расиданд. Дар баробари ин дар байни сокинон бедаракшудагон низ вуҷуд дорад.
Боронҳои шиддатнок бештар дар вилояти Эмилия-Романяи Италия ба қайд гирифта шуд. Гуфта мешавад, ки ба ҷуз аз Италия боронҳои шадид Сербистон, Хорватия ва Словенияро низ фаро гирифтааст.
Бар асари обхезиҳо хонаҳо вайрон гардида, ҳазорон ҳайвонот ғарқ шуданд, даҳҳо ҳазор гектар токзорҳову дарахтони меваҷот ва сабзавоту ғалладонагиҳо ва техникаҳои сокинон зери об мондаанд. Барои наҷот додани аҳолии зери об монда наҷотдиҳандагон бо кишти ва чархболҳо фаъолият доранд.
Ламиери як сокини 74-солаи Болоня дар суҳбат гуфтааст, ки “Мо то ин дам чанде аз обхезиҳоро аз сар гузаронидаем, аммо то ҷое ки ман дар ёд дорам, ҳеҷ гоҳ ин қадар обхезии шадидро шоҳид нашуда будем”.
Антонио Франческо Риззуто ҳуқуқшиноси 55-сола ки дар соҳили дарё зиндагӣ мекард, шоми сешанбе маҷбур шуд хонаи худро тарк кунад ва ба дигар минтақа куч бандад.
Мусобиқаи Гран-при ки бояд охири ҳафтаи ҷорӣ дар Имола, дар минтақаи Эмилия-Романья баргузор мешуд, ба далели хатари обхезии дарёи Сантерно мавқуф гузошта шуд. Рӯзи сешанбе бисёр минтақаҳои атроф ки барои таваққуфгоҳи мусобиқаҳо бояд истифода мешуданд, зери об монд.
Ёдовар гадидан ба маврид аст, ки мақомоти ин кишвар иттилоъ медиҳад, ки хисороти моллие, ки зимни обхези ба амал омадааст милионҳо евроро ташкил медиҳад. Тибқи пешгуии обу ҳавошиносии Италия дар рузҳои наздик борони шадид ва шамол дар шимоли Италия қатъ нахоҳад шуд.
Сайёҳат Содиқова
Садои Душанбе