Озмуни “Тарануми дӯстӣ” бо мақсади ҳамкориҳои қавии Тоҷикистону Узбекистон эълон гардид

Таҳририяти рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд» дар ҳамкорӣ бо Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷик ва тоҷикзабонони Самарқанд озмуни «Тараннуми дӯстӣ»-ро эълон мекунад.
Мақсади озмун эътирофи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва дастовардҳои солҳои охири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои гуногун, мустаҳкам намудани дӯстию якдилӣ, ривоҷ додани ҳамкорӣ байни халқҳои кишвар, тараннуми корҳои шоистаи фаъолони ҷомеа, ки дар таҳкими дӯстӣ, ҳамҷиҳатии миллӣ саҳми шоиста мегузоранд, инчунин, васфи дӯстии адабӣ ва абадӣ мебошад.
Cамтҳои озмун:
– маводи беҳтарин(телевизион, радио, нашрияҳои чопӣ, ВАО-и электронӣ);
– шеъри беҳтарин;
– суруди беҳтарин.

Дар озмун хоҳишмандон аз Ӯзбекистону Тоҷикистон метавонанд иштирок кунанд.
Маҳсули эҷоди худро ба t.me/Ovozi_uz фиристед.
Озмун 1 май анҷом ёфта, ғолибон 3 май- Рӯзи байналмилалии озодии баён эълон мешаванд.
Телефон барои муроҷиат: (66) 233-91-71.

Ба t.me/ovozisamarqand бипайвандед ва раванди озмунро пайгирӣ кунед.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE