МН: Қонун «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» баррасӣ шуд
Дирӯз дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид.
Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи корҳои осорхонавӣ» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни баррасии масъалаи якуми рӯзнома роҷеъ ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайруллозода таъкид намуданд, ки қонуни мазкур дар доираи созишномаҳои дуҷониба, конвенсияҳо ва созишномаҳои байналмилалии эътироф намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳамоҳангсозӣ, танзим ва ташкили идоракунии давлатӣ дар фаъолияти роҳдорӣ ва дар асоси иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани мамлакат бо роҳи амалисозии лоиҳаҳои сохтмон, навсозӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард таҳия гардидааст.
Қонуни мазкур аз 7 боб ва 60 модда иборат буда, фаъолияти роҳдориро танзим намуда, ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, навсозӣ ва таъмири роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, иншооти сунъӣ, таъмини ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ободонӣ, сохтмони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ, ки дар канори роҳҳо ҷойгир карда мешаванд, мутобиқати онҳоро ба талаботу қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳои бехатарии роҳҳо таъмин менамояд.
Созишнома оид ба ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи корҳои осорхонавиро ба вакилони мардумӣ муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбоналӣ Абдураҳимзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Гавҳар Шарофзода муаррифӣ намуда, изҳор доштанд, ки Созишномаи зикршуда аз дебоча ва 17 модда иборат буда, бо мақсади иҷрои муқаррароти Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг аз 15 майи соли 1992, Созишнома дар бораи таъсис додани Шӯро оид ба ҳамкории фарҳангии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 26 майи соли 1995 (дар таҳрири Протокол аз 18 октябри соли 2011), Созишнома оид ба ҳамкории гуманитарии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи фарҳанг аз 19 майи соли 2011, ки барои солҳои минбаъда ва чорабиниҳои мушаххас ба нақша гирифта шудааст, ба имзо расидааст.
Масъалаи ниҳоии рӯзнома — лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба иҷлосия вакили мардумӣ Сарвиноз Маҷидова ва раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода баррасӣ намуда, таъкид намуданд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади татбиқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020 ҷиҳати такмили ҷавобгарии маъмурӣ барои вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва бо ин васила мусоидат намудан барои таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун, дар маҷмӯъ мукаммал шудани Кодекс ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ таҳия шудааст.
Лоиҳаи Қонуни мазкур аз 2 модда иборат буда, тибқи моддаи 1 ба 4 моддаи Кодекси амалкунанда тағйиру иловаҳо, ки хусусияти танзимкунанда ва мутобиқкунанда доранд, пешбинӣ гардида, минбаъд шахсоне, ки нисбат ба онҳо амали оинномаҳои интизомӣ ё қоидаҳои махсуси интизом татбиқ мегарданд, барои риоя накардани қонунгузорӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим тибқи асосҳои умумӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Тибқи қисми 4 моддаи 1 лоиҳа моддаи 481 (риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим) такмил дода шуда, аз ҷумла санксияҳои қисмҳои 1, 2 тағйир ва қисми 2 моддаи мазкур дар таҳрири нав ифода карда мешавад.
Мувофиқи моддаи 2 лоиҳаи Қонуни мазкур дар назар аст, ки он пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.