«Корвони саломатӣ» дар шаҳри Хоруғ ба фаъолият оғоз намуд

Субҳи имрӯз «Корвони саломатӣ» дар ҳайати 40 нафар мутахассисони варзида, табибони дараҷаи олии ҷарроҳии асаб, бемориҳои бачагона ва асабшиносон таҳти роҳбарии муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед ба шаҳри Хоруғ расиданд. Дар ин хусус дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд.

Зимни суҳбат бо табибон Шодихон Ҷамшед изҳор дошт, ки «Корвони саломатӣ» бо мақсади муоинаи саривақтӣ, пешниҳоди машварату тавсия ва табобати сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври ройгон дар шаҳру ноҳияҳо гузаронда мешавад.

Гуфта шуд, ки саломатӣ сарвати бебаҳо ба ҳисоб рафта, бидуни он зиндагии хушбахтонаро тассавур кардан ғайримкон мебошад.

Дар «Корвони саломатӣ» бо истифода аз дастгоҳи замонавии тиббӣ дар беморхонаҳои вилоят хизмати ройгон расонида мешавад.

Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нилуфар Асламшоева барои ташрифи гурӯҳи мутахасиссони варзида ба маркази вилоят- шаҳри Хоруғ миннатдорӣ баён намуда, изҳор дошт, ки ин иқдом ба хотири хизматрасонии ройгони тиббӣ ба сокинони вилоят ташкил гардида, бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом дода мешавад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE