16-20 август дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон омадани селҳои пиряхӣ эҳтимол дорад

16-20 август дар минтақаҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сар задани селҳои дорои хусусияти пиряхӣ аз эҳтимол дур нест. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии мамлакат хабар доданд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо эҳтиёткор бошанд.

Селроҳаҳо, каналҳо, ҷӯйборҳоро сари вақт аз ҳар гуна хасу хошок тоза кунанд, то оби зиёдатӣ роҳи баромад дошта бошад.

Инчунин тавсия дода мешавад, ки аз рафтан ба моҳидорӣ, шикор, ҷамъоварии ҳезуму гиёҳҳои шифобахш ва чаронидани чорво худдорӣ намоянд.

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ва минтақаҳои селхез қоидаҳои ҳаракати роҳро ҷиддӣ риоя намоянд, бахусус ҳангоми ҳаракат риояи фосила байни мошинҳо шарти муҳими бехатарист.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE