Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар Хоруғ ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи дастрас ташкил шуд

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти мавриди ниёзи аввал дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ бахшида ба Соли нави мелодӣ ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ хабар доданд. Дар ярмарка маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили гӯшт, картошка, сабзӣ, карам, пиёз, биринҷ, макарон бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шудаанд.Ярмарка — фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, шаҳру ноҳияҳои вилоят ва намояндагии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ доир шуда, дар он аз тарафи кишоварзони ноҳияҳои вилоят маводи ғизоӣ бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди аҳолӣ гардонида шудаанд.Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба сарварони хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди вилоят барои дастрас намудани маҳсулоти кишоварзии хушсифат ва нисбатан арзон изҳори сипос намуда, ҷиҳати таъмини мунтазами фаровонии бозор ба масъулин супориш дод.Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода иброз дошт, ки таъмини сокинони шаҳр бо маҳсулоти кишоварзӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ туҳфаи арзишманд маҳсуб мешавад.

АКС: Рӯзномаи «Нигини Хоруғ»

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE