Мусодираи 8 килограмм маводи нашъаовар дар ноҳияи Панҷ
Мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар яке аз самтҳои муҳими фаъолияти хизматии кормандони милитсия ба ҳисоб меравад.
Кормандони шуъбаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири РВКД дар вилояти Хатлон дар ин самт, зимни бурдани як қатор коркарди ахбори оперативӣ ва чорабиниҳои оперативӣ 2 нафар сокинони ноҳияи Панҷро бо гумони даст доштан дар муомилоти гайриқонунии маводи нашъаовар ва ба мақсади дар оянда ба соҳибияти шахси дигар додан дастгир намуданд.
Инҳо Зоидов Ғайрат, соли таваллудаш 1986 ва Мавлонов Раҳмоналӣ, соли таваллудаш 1987, мебошанд.
Ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматии Зоидов Ғайрат, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Панҷ, аз ҷониби кормандони милитсия маводи нашъадор дарёфт ва мусодира карда шуд, ки ба навъи «ҳашиш» мансуб буда, вазни умумии он 7 кг 231 граммро ташкил медиҳад.
Инчунин, дар рафти бурдани чорабиниҳои оперативӣ аз дохили бағоҷи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», ки ба шаҳрванд Мавлонов Раҳмоналӣ тааллуқ дорад, 747 гр маводи психотропии навъи «метамфетамин» дарёфт ва мусодира карда шуд.
Муайян карда шуд, ки гумонбарон пайваста ба хариду фурӯши маводи нашъаовар машғул буда, бо ин роҳ манфиат ба даст меоваранд.
Дар шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Офоқ Қодириён, полковники милитсия