Ошкори 7803 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣҷониби

Давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва мақомоти он дар маҳал 7803 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардидааст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси кумитаи мазкур Ориф Хоҷазода иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ барои бартараф намудани ҳолатҳои ошкоргардида 7000 дастур дода шудааст. Дар баробари ин нисбати 6548 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 3 678027 сомонӣ қарорҳои ҷаримабандӣ қабул гардидааст.
Мижгонаи Насриддин
Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE