Ҳафтранг. Ба хотираи устод
«Ҳафтранг. Ба хотираи устод» – таҳти ҳамин унвон дар Муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбии «Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон» намоиши асарҳои эҷодии Рассоми Ҳалқии Тоҷикистон, Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Зуҳур Ҳабибуллоев ва рассомони гурӯҳи эҷодии “Ҳафтранг” Носирбек Нарзибеков, Фаррух Неъматзода, Мизроб Холов ифтитоҳ гардид.
Дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯёни донишкада, меҳмонони хориҷӣ ва дигар дӯстдорони санъати рассомӣ иштирок намуданд. Дар оғози намоиш роҳбарияти Донишкада доир ба ҳаёт ва фаъолияти устод Зуҳур Ҳабибуллоев ва ҳунари нотакрори ў изҳори назар кард. Иттилоъ дода шуд, ки рассом Зуҳур Ҳабибуллоев соли 1932 дар шаҳри Душанбе тавваллуд шудааст. Мавсуф хатмкардаи омӯзишгоҳи рассомии шаҳри Душанбе ва омӯзишгоҳи рассомии ба номи Мухини ш.Ленинград мебошад.
Дилбар Исматова
Садои Душанбе

