Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ корхонаи коркарди санги ҶДММ «Помир Стоун»-ро ифтитоҳ намуданд
13 октябр дар идомаи сафари корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корхонаи коркарди санги Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помир Стоун», бо номи Санги Бадахшонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Корхонаи мазкур бо харҷи 7 миллион сомонӣ сармояи дохилӣ бунёд ёфта, ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ зиёда аз 50 нафар бо кор таъмин буданд.
Барои коркарди санг дар корхона технологияи зарурӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин насб шудааст.
Аз рӯйи лоиҳа иқтидори корхона дар як сол 20 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти санг мебошад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар корхона зиёда аз 30 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардидаанд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ояндаи наздик тибқи нақша дар корхона шумораи коргарон то ба 100 нафар расонида мешавад.
Ашёи хоми корхона аз ҳисоби сарватҳои дохилӣ таъмин гардида, ин раванд муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, омода намудани мутахассисон ва баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо мусоидат хоҳад кард.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхонаи мазкур изҳор доштанд, ки фаъолияти ин самт аз мутахассисону устоҳо диду завқи баландро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, мутахассисон бояд пайваста донишҳо ва маҳорату малакаи худро сайқал диҳанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид намуданд, ки ба сифати маҳсулот бояд диққати ҷиддӣ дода шавад.
Лозим ба ёдоварист, ки дар шароити имрӯза барои сохтмони иншооти таъйиноти гуногун таваҷҷуҳ ба маҳсулот аз санг зиёд аст. Аз ин рӯ, бо дастгирии Ҳукумати кишвар шумораи чунин корхонаҳо зиёд мегардад. Дар ҳудуди вилоят ин аллакай сеюмин корхонаи коркарди санг ба шумор меравад. Дар миқиёси ҷумҳурӣ бошад шумораи чунин корхонаҳо ба 16 расидааст.
Зимни боздид аз корхонаи «Санги Бадахшон» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати маҳсулоти он диққати махсус доданд. Иттилоъ дода шуд, ки дар корхона санги хоро ва ё гранит, ки аз кӯҳҳои Бадахшон гирифта мешавад, мавриди коркард қарор мегирад. Сифати аввалиндараҷаи санги мазкур, қабл аз коркард аз нигоҳи мутахассисон баланд арзёбӣ мешавад. Аз ин хотир коркарди он ва маҳсулот аз он ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ карда шудааст. Ин аст, ки маҳсулоти санги хорои ин корхона аллакай дар бозори дохилӣ ҷойгоҳи намоён касб намудааст ва таваҷҷуҳ ба он аз хориҷи кишвар низ рӯй ба афзоиш дорад.