Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов кишти такрории зироатҳо идома дорад

Имсол дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар​ 4449 гектар кишти такрории зироатҳо ба нақша гирифта шуда, ба ҳолати 9 август 2700 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Дар ин бора зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз Ҷамоати деҳоти Деҳмой иттилоъ дода шуд.​

Тавре таъкид карда шуд, деҳқонони ҷамоати мазкур дар парвариши зироатҳо таҷрибаи бой дошта, дар як сол се-чор маротиба ҳосил мегиранд. То имрӯз кишоварзони ҷамоат дар 270 гектар кишти такрории зироатҳоро гузаронда, дар таъмини​ бозори дохилӣ бо маҳсулот саҳми назаррас гузошта истодаанд.​

Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои ​ хоҷагидорӣ дар 7 моҳи соли 2023 ба 368 млн 851,7 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 млн. 109,2 ҳазор сомонӣ зиёд гардида, суръати афзоиш 101,1 фоизро ташкил медиҳад.

Раиси вилоят нашъунамои зироатҳои гуногунро дар деҳоти Деҳмой ва деҳоти Гулхона мавриди таваҷҷуҳ қарор дода, барои истифодаи самараноки замин супоришҳо дод.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE