Мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оғоз гардид
Аз 23 декабри соли 2025 то 3 январи соли 2026 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назди интихобкунандагон ба вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар менамоянд. Дар ин хусус бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.
Давоми беш аз 10 рӯз вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон вохӯрда, доир ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, суҳбат менамоянд. Инчунин вазъи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат манзури интихобкунандагон қарор мегирад.
Вакилони мардумӣ дар ҳар суҳбату вохӯрӣ дар баробари баёни андешаҳои таҳлилӣ ва баррасии фаъолияти вакилӣ ҳамзамон ба саволу дархости интихобкунандагон посух мегӯянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

