Телевизиони «Сафина» ва Бюрои радио ва телевизиони Пекин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд
4 август дар доираи «Мавсими намоиши филмҳои хориҷӣ ва сериалҳои телевизионӣ» байни синамоофарони Тоҷикистон ва Чин ба тариқи маҷозӣ ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» хабар додаанд, ҷонибҳо дар самти боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ дар бахши синамосозиву офаридани филмҳои муштарак мароқ зоҳир намуда, амалинамоии фаъолияти якҷояро дар оянда қадами муҳим ҷиҳати тавсеа додани ҳамкории гуногунсамти ду мамлакат маънидод намуданд. Аз ҷумла, иштирокчиёни ҳамоиш доир ба масъалаҳои амалисозии тарҳҳо дар самти омодакунии кадрҳои соҳаи синамосозӣ, афзун намудани намоиши филмҳои Тоҷикистон дар Чин ва аз Чин дар Тоҷикистон, сабти филмҳои муштарак, хусусан таҳияи филмҳо дар мавзуъҳои аҳамияти таърихии Роҳи абрешим ва моҳияти тарҳи «Як камарбанд, як роҳ» дар замони муосир табодули афкор намуданд.
Барои тақвияти ҳамкорӣ, сабти силсилафилмҳо, драмаҳои телевизионӣ ва татбиқи дигар тарҳҳои муштарак Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ва Бюрои радио ва телевизиони Пекин Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расониданд. Таъкид гардид, ки амалишавии пурраи санади мазкур ба рушди бештари ҳамкорӣ, банаворгирии филмҳои нави муштарак ва тарҳҳои ҷадиди ба ҳар ду ҷониб манфиатовар мусоидат менамояд. Дар қисмати дуюми ҳамоиш байни ҳунармандони тоҷик, мутахассисони соҳаи синамосозӣ, коргардону роҳбарони муассиса ва ширкатҳои филмофарии Тоҷикистон ва Чин муҳокимаи масъалаҳои соҳавӣ ба тарзи саволу ҷавоб баргузор гардид.