Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар Душанбе маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ таъсис дода шавад

12 июл дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар доираи Форуми сиёсии Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувори сатҳи баланд (HLPF) ҳамоиши махсус доир мегардад, ки дар он ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси маркази Минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар Душанбе (ICTD) пешниҳод ва баррасӣ карда мешавад. Дар ин хусус Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар мулоқоти ғайрирасмии роҳбарони бахшҳои давлатӣ ва хусусии соҳаи нақлиёт, ки 6-7 июли соли равон дар шаҳри Тошканд баргузор гардид, иттилоъ дод.

Тавре Вазорати нақлиёти мамлакат иттилоъ медиҳад, роҳбарияти вазорат ба маълумоти иштирокчиёни мулоқоти мазкур расонид, ки 24 апрели соли равон дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази байналмилалии дипломатияи нақлиётӣ (ICTD) ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Таъкид гардид, ки таъсиси ин маркази минтақавӣ ба таҳия ва татбиқи нақшаҳо, чорабиниҳо, барномаҳо ва лоиҳаҳо ҷиҳати таъмини Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи нақлиёт мусоидат хоҳад кард. Дар робита ба ин, иштирокчиёни вохӯрии ғайрирасмӣ дар Тошканд барои иштирок дар ин ҳамоиш даъват карда шуданд.

Тазаккур дода шуд, ки бо ташаббуси Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии кишварҳои Осиёи Марказӣ лоиҳаи Созишнома байни давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба алоқамандии ҳамлу нақли рӯизаминӣ таҳия ва мувофиқа гардида, имзои он дар доираи Мулоқоти панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, 14 — 15 сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе доир мегардад, ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE