«ХУҶАНД» АЗ «МАРВ» ШИКАСТ ХӮРДА, ҲУНАРНАМОИРО ДАР ҶОМИ КФО-2023/24 АНҶОМ ДОД

Барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон-2022 бошгоҳи футболи «Хуҷанд» дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО-2023/24 аз тими «Марв»-и Туркманистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд ва баромади худро дар мусобиқа ба анҷом расонд.

Ин вохӯрӣ 22 август дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» воқеъ дар шаҳри Хуҷанд дар ҳузури 4500 тамошобин баргузор шуд. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 1:1 ба поён расид. Мурат Якшиев дар дақиқаи 54-ум ҳисобро боз кард. Ҳимоятгари «Хуҷанд» Парвиз Боқиев, ки дар нимаи дуюм аз ҳайати захиравӣ ба майдон баромад, дар дақиқаи 79-уми вохӯрӣ ҳисобро баробар кард. Футболбозони туркман дар дақиқаи 114-ум голи ғалабаоварро заданд. Мурат Овезмуродов ба задани гол даст ёфт. Дар натиҷа бо ҳисоби 1:2 «Хуҷанд» дар майдони худ ба шикаст дучор шуд ва ба баромади худ дар Ҷоми КФО-2023/24 нуқта гузошт.

Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ бошгоҳҳои «Равшан» (Тоҷикистон), «Алтин Асир», «Марв» (ҳарду аз Туркманистон) ва «Абдиш-Ата» (Қирғизистон) ҳунарнамоӣ мекунанд.

 Ҷоми КФО-2023/24

 Минтақаи марказӣ. Даври плей-офф

 «ХУҶАНД» (ТОҶИКИСТОН) –  «Марв» (Туркманистон) – 1:2

️ Голҳо: Мурат Якшиев, 54 (0:1). Парвиз Боқиев, 79 (1:1). Мурат Овезмуродов, 114 (1:2).

♦️ Аз майдон ронда шуд: Фирдавс Абдусалимов («Хуҷанд»), 112 – корти зарди дуюм.

 22 август. Хуҷанд. Варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон». 4500 тамошобин.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE