МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН ҒОЛИБИ ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2023 ШУД

Дастаи наврасони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Далер Каёсов барандаи мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни бозигарони то 17-сола гардид. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ин мусобиқа, ки аз 21 то 27 август дар Ҳисор баргузор шуд, панҷ тими наврасон – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон ва Қирғизистон ширкат карданд.

Дастаи наврасони Тоҷикистон дар чемпионати CAFA-2023 чаҳор бозӣ анҷом дода, 9 имтиёз ба даст овард. Наврасони мо бар дастаҳои Афғонистон (3:1), Қирғизистон (4:1) ва Ӯзбекистон (2:0) ғалаба карда, аз мунтахаби Эрон (0:1) мағуб шуданд.

Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон низ 9 имтиёз ба даст овард, аммо ба далели пирӯзӣ дар вохӯрии байниҳамӣ наврасони Тоҷикистон соҳиби медалҳои тилло гардиданд. Дастаи Ӯзбекистон медали нуқра ва тими Афғонистон (6 имтиёз) нишони биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар маросими ҷоизасупории мусобиқот ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов ширкат доштанд.

Дар натиҷаи ин мусобиқа ҷоизаи «Fair Play» ба тими Тоҷикистон ва ҷоизаи махсус ба тими Эрон супурда шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқот бозигари мунтахаби Ӯзбекистон Нурбек Сарсенбоев (3 гол) гардид. Ва ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон Муҳаммад Назриев боманфиаттарин бозигари чемпионати CAFA-2023 эътироф карда шуд.

акс:ФФТ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE