ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИИ РАВҒАНИ ПАХТАРО ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНД

24 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Корхонаи истеҳсоли равғани пахтаро мавриди истифода қарор доданд.

Корхонаи истеҳсолии равғани пахта дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, аз ҷумлаи корхонаҳои дорои аҳамияти муҳим маҳсуб меёбад, ки аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Маҳдӣ Каримов дар як муҳлати кӯтоҳ бунёд гардидааст.

Корхонаи равған бо мақсади дастрасии аҳолии пойтахт бо маҳсулоти ватанӣ бунёд гардида, соҳибкор азм гирифтааст, ки дар фаровонии маҳсулоти ивазкунандаи воридот фаъолона саҳм гузорад.

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхонаи истеҳсоли равғани пахта дар як шабонарӯз 10 тонна чигитро коркард менамояд.

Бо ба кор даромадани корхонаи истеҳсолии равғани пахта 30 нафар бо шуғли доимӣ фаро гирифта шуданд.

Ашёи хом барои истеҳсоли равғани пахта дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ бо хочагиҳои деҳқонӣ дастрас мегардад, ки барои таъмини бозорҳои дохилӣ бо ин маҳсулоти мавриди ниёзи аввал корхонаи мазкур дар қатори дигар корхонаҳои истеҳсолӣ саҳми назаррас дорад.

Маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхона дорои сифати баланд ва рақобатпазир буда, дар бозори дохилӣ талабот ба он зиёд аст.

Масъулони корхонаи истеҳсоли равғани пахта азм доранд, ки иловатан бо насби хати нави технологӣ иқтидори истеҳсолиро зиёд намоянд ва коркарди чигитро дар як шабонарӯз ба бештар аз 20 тонна расонанд.

Аснои шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи мазкур Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки ба сифат ва рақобатпазирии ин намуди маводи ғизоӣ диққати зарурӣ диҳанд.

www.president.tj 

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE