Вакилони Маҷлиси намояндагон бо кормандони неругоҳи «Бойғозӣ» оид ба 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ суҳбат намуданд

 6 сентябр вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фозил Обидзода ва  Зулфиқор Гулаҳмадзода  бо кормандони Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маҷлиси намояндагон хабар доданд.

Дар мулоқот раиси Фраксияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси  намояндагон Фозил Обидзода вобаста ба сиёсати иҷтимоию иқтисодии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат изҳори ақида намуда, бобати сазовор таҷлил намудани 32–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро иброз намуд.

Вакили Маҷлиси намояндагон Зулфиқор Гулаҳмадзода дар мавзуи сатҳу сифати таълиму тарбия дар мактабҳо, либоси ягонаи мактабӣ, донистани забони давлатӣ, обод гардонидани гӯшаи маҳал, ҳамзамон доир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии  шаҳрвандон», даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ҳарбӣ- ватандӯстӣ, хизмати содиқона ба Ватан ва вазъияти ҳассоси пешгӯинашавандаи ҷаҳон суҳбатҳо доир намуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE