Корвони рӯзноманигорон аз Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Қубодиён дидан намуданд

Корвони рӯзноманигорон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дидан кардан аз ёдгории таърихии “Тахти Сангин” ба ноҳияи Қубодиён сафар карда аз Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи мазкур дидан намуданд. Тавре кормандони ин осорхона  иттилоъ доданд, баъзе аз ёдгориҳои таърихии “Тахти Сангин” дар Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳияи Қубодиён, баъзеи дигарашон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва қисмате аз он дар осорхонаҳои хориҷ аз кишвар  маҳфуз нигоҳдошта шудааст.  Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ин осорхона ҳуҷрае махсус барои Носири Хусрави Қубодиёнӣ ташкил гардидааст, ки дар онҷо  маҳз аз сафарҳои ин шахсияти бузург, осори гаронарзиш ва аксҳои кулбаи ӯ ба намоиш гузошта шудааст. Дар ин бора ҳамкорамон Султонализода Ёқубҷон иттилоъ медиҳад.  

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE