ИМРӮЗ МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН (U-23) БО ДАСТАИ АВСТРАЛИЯ РАҚОБАТ МЕКУНАД

Имрӯз, 12 сентябр дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 (U-23) дар гурӯҳи «I» баргузор мешавад. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дастаи олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Австралия рақобат мекунад. Вохӯрӣ соати 20:30 оғоз мешавад.

Биёед дастаи олимпии кишварро дар чунин бозии муҳим якҷоя дастгирӣ кунем!

 Марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23)

♦️ Гурӯҳи «I»

️ Даври 3

 12 сентябр (сешанбе)

️ Оғоз – соати 20:30

 Австралия –  ТОҶИКИСТОН

 Душанбе, Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE