Ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи нақлиёти Сиани Чин густариш меёбад

 Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо намояндагони Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Ҳадаф аз вохӯрӣ амалӣ намудани ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногуни илму таълим, пажӯҳиши муштарак дар бахшҳои замонавии илм, хусусан омӯзиши забону фарҳанг ва технологияи муосир мебошад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба мустаҳкам намудани ҳамкории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо Донишгоҳи нақлиёти Сиани Ҷумҳурии Мардумии Чин, рушди ҳамкорӣ  дар заминаи Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий, таҳияи барнома ва баргузории ҳамоишҳо табодули афкор намуданд.

АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE