ФУТЗАЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии Минск иштирок намуд

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар Мусобиқаи байналмилалӣ бахшида ба 956-умин солгарди Минск иштирок намуд. Дар ин хусус дар Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар шаҳри Минск бо чемпиони Русия- бошгоҳи футзали КПРФ мусовӣ бозӣ намуд (4:4).

Дар бозии дигар футзалбозони Тоҷикистон аз тими миллии Беларус бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрданд.

Дар натиҷа дастаи мунтахаби Беларус бо чор хол ғолиби мусобиқа гардид. Бошгоҳи КПРФ-и Русия медали нуқра ба даст овард. Дастаи Тоҷикистон соҳиби медалҳои биринҷӣ гардид.

Бояд тазаккур дод, ки дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бозӣ менамояд.  Бозиҳои ин гурӯҳ аз 7 то 11 октябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Рақибони дастаи футзали Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби Ҳиндустон (7 октябр), Фаластин (9 октябр) ва Мянмар (11 октябр) мебошанд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE