Дар Душанбе Муколамаи занони Осиёи Марказӣ баргузор шуда истодааст
14 сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал Вохӯрии ҳузурии аъзои Муколамаи занони Осиёи Марказӣ дар мавзӯи “Ноил шудан ба баробарии гендерӣ дар заминаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ” доир гардида истодааст. Дар ин бора ҳамкорамон аз макони баргузори чорабинӣ хабар медиҳад.
Намояндагон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ Танзила Норбаева-Раиси Маҷлиси Сенатаи Олии Ҷумҳурии Узбекистон, Бахар Хаджамурадовна -раиси Маҷлиси Туркманистон оид ба илм ва фарҳангу сиёсати ҷаҳон, Балаим Кесебаева-муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷамила Исаева-муовини Раиси Торага Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон дар муколама оид ба мақоми зан, ноил гардидан ба баробарии гендерӣ, васеъ намудани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои занону духтарон ва таъмини иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳамзамон, иштироки онҳо дар қабули қарор оид ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва коҳиш додани хавфи офатҳои табиӣ суханронӣ намуданд.