Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров

14 сентябр дар Бӯстонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, ки ҷиҳати иштирок дар Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, мулоқот карданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки натиҷаҳои ҳамоиши Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ба рушди равандҳои мусбат дар минтақаи мо мусоидати муассир хоҳанд кард.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи рушди муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки бо риштаҳои чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек ҳампайванданд, таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ, бахусус дар сатҳи олӣ ҷонибдорӣ намуданд.  

Зимни мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, оид ба мавзӯъҳои алоҳидаи минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ анҷом доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE