Хабарнигорон барои инъикоси чорабиниҳои сатҳи баланд омода мебошанд

Рӯзноманигорон барои инъикоси фаврии ҷаласаи Вохӯрии панҷуми ҷашнии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе ҷамъ омодаанд. Гуфта мешавад, ки дар инъикоси ин чорабинии муҳим зиёда аз 400 намояндаи воситаҳои ахбори оммаи Осиëи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳузур доранд. Кормандони радиои “Садои Душанбе” низ дар баробари дигар расонаҳо баҳри инъикоси фаврии ин ҷаласа омода буда, хабарҳои нав ба навро ҳам тариқи радио рӯи мавҷи 102.2FM ва ҳам тариқи сомонаи https://sadoidushanbe.tj/ пешниҳоди хонандагону шунавандагон гардонида истодаанд.

Султонализода Ёқубҷон

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE