ҶОМИ КФО-2023/24. Бозии дастаҳои «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Марв»-и Туркманистон мусовӣ анҷом ёфт

 21  сентябр  дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ байни дастаҳои футболи  «Равшан»-и Тоҷикистон ва «Марв»-и Туркманистон баргузор гардид. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозии дастаҳо мусовӣ анҷом ёфт.

Акнун дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2023/24 дар минтақаи марказӣ дастаи футболи  «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  5  октябр дар сафар бо дастаи дигари Туркманистон — «Алтин Асир» бозӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи «Марв»-и Туркманистон  дар бозии даври муқаддамотии Ҷоми КФО 2023/24 бар дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дар варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»  бо ҳисоби 2 бар 1 зафар ёфта, ба даври гурӯҳӣ роҳ ёфта буд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE