«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Чемпионати кушод оид ба таэквондо WT байни писарон ва духтарон ҷамъбаст гардид

Чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба таэквондо WT байни писарон ва духтарон барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус дар Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳадаф аз баргузории мусобиқа- рушди соҳаи варзиш дар пойтахт, ҷалби наврасону ҷавонон ба намуди варзиши таэквондо, алалхусус духтарон, инчунин самараноку мақсаднок истифода намудани иншооти варзишии пойтахт мебошад.

Мусобиқаи варзишӣ дар толори варзишии КВД «Қасри теннис»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, муовини Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сураҷ Чоршанбезода, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Шоҳзод Раҳимзода ва дигар масъулини соҳаи варзиш доир гардид.

Мусобиқа 23-24 сентябр доир шуда, дар он варзишгарон барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” байни ҳам сабқат намуданд.

Дар охири мусобиқа ғолибон муайян гардиданд. Ҳамин тавр, варзишгарони дастаи Душанбе 1 бо “Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе” ва дастаи Душанбе 2 бо медалҳои нуқра сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE