Намояндаи Тоҷикистон ва мушовири махсуси Дабири кулли СММ масоили иқлим ва гузариши одилонаро баррасӣ намуданд
25 июли соли 2023 вохӯрии Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Ҷонибек Ҳикмат бо мушовири махсуси Дабири кулли СММ оид ба амалиёти иқлим ва гузариши одилона Селвин Чарлз Ҳарт доир гардидааст.
Тавре Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ иттилоъ медиҳад, дар мулоқоти мазкур ҷонибҳо оид ба нақши Тоҷикистон дар пешбарии масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар, Конфронси оби СММ, ки зери мизбонии Тоҷикистону Нидерландия моҳи марти соли ҷорӣ баргузор гардида буд, табодули афкор намуданд.
Дар ин робита, Ҷонибек Ҳикмат ба ҳамтои худ иттилоъ додааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Нидерландия ҳамчун мизбонони Конфронси оби СММ расман барои роҳбарӣ кардани Рӯзномаи оби 28-ум Конфронси СММ оид ба тағйирёбии иқлим, ки аз 30 ноябр то 12 декабр соли 2023 дар Аморати Муттаҳидаи Араб ба нақша гирифта шудааст. даъват шудаанд.
Ҳамзамон, тарафҳо аҳаммияти ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи эълон намудани 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки вобаста ба он 14 декабри соли 2022 қатъномаи дахлдор аз ҷониби МУ СММ қабул шудааст, муҳокима намуда, дар бораи нақшаҳои муштарак дар татбиқи он сухан гуфтанд.