Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир шуд

Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2023 дар сатҳи роҳбарикунанда бо роҳбарии муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода баргузор гардид. Дар ин хусус аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар ҷаласа ҳафт барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Инҳо «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои то соли 2025», «Барнома оид ба паст намудани сатҳи шуғли бақайдгирифтанашудаи ғайрирасмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023», «Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди мамлакат барои солҳои 2021-2025»,  «Барномаи рушди муассисаҳои табобатии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушди саноати доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2025» ва «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва нигоҳдории пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» мебошанд.

Ҳамзамон тибқи Нақшаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соли 2023 ҷараёни иҷрои 25 барномаи соҳавӣ ва минтақавӣ мавриди муҳокима қарор гирифта, аз натиҷаи онҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориши муфассал ирсол мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE