Дар доир ба таҳияи нашри сеюми Китоби сурхи Тоҷикистон мизи мудаввар доир гардид

4 октябри соли 2023 бо ташаббуси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар меҳмохонаи “Азия Гранд” ш.Душанбе мизи мудаввар доир ба таҳия нашри нави сеюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 40 нафар олимон, мутахассисон ва коршиносон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои дахлдор ва олимон аз кишварҳои Федератсия Росия ва Қазоқистон баргузор гардид.

Мизи муддаваро бо сухани ифтитоҳӣ ноиби Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикитсон Абдусаттор Саидов кушода, доир Китоби сурх ва моҳияти он барои ҳифзу нигоҳдории намудҳои нодиру камёфти набототу ҳайвонот ва дар маҷмуъ захираҳои табиӣ кишвар сухан ронданд.

Ҳамчунин, бо сухани ифтитоҳи муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлодод Абдулқодир баромад намуда, дар баромадашон қайд намуданд, ки Китоби сурх ҳуҷҷати муҳими давлатӣ ба ҳисоб рафта барои таъмини ҳифзу нигоҳдорӣ ва андешидани чораҳои зарурӣ оид ба ҳифзу афзоиш ва истифодаи оқилонаи набототу ҳайвонот ва дар умум гуногунии биологӣ арзёбӣ мегардад ва дар Китоби Сурхи Тоҷикистон ҷамъбасти тамоми маълумоти мавҷуда доир ба ҳаёт, паҳншавӣ, вазъи гурӯҳ, тағйири миқдори ҳайвонот ва набототи нодиру камшумор, муайян кардани вазифаҳои амиқи минбаъдаи тадқиқу дарёфти роҳҳои асосии муҳофизат ва таҷдиди онҳо ҷамъ оварда мешаванд.

Дар рафти мизи мудаввар гурӯҳҳои корӣ бо маърӯзаҳо доир ба корҳои имлию тадқиқотӣ ва корҳои экспедитсионӣ дар минтақаҳи гуногуни Тоҷикистон гузаронида шуда, ки барои омӯзиш ва муайян намудани ҳолати кунунии набототу ҳайвонот гузаронида шудааанд ҳисоботу маълумотҳо манзур намуданд.

Қайд гардид, ки дар нашри нави Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 304 намуди наботот ва 253 намуд ҳайвоноти нодири зери таҳдиди нобудшавӣ қарор дошта, ворид карда мешаванд ва баъзе намудҳои набототу ҳайвонот вобаста ба вазъи кунуниашон аз Китоби сурхи Тоҷикистон хориҷ карда мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE