Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Потомаки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд

Роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи Потомаки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико нақша доранд, ки бо мақсади табодули донишҷӯён дар самтҳои иқтисодию тиббӣ  созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонанд.  Дар ин хусус аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Масъалаи имзои  шартномаи ҳамкорӣ зимни вохӯрии маҷозии ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Қобилҷон Хушвахтзода бо намояндагони Донишгоҳи Потомаки ИМА Сергей Андроников, Андреа Кемп-Кертис ва Розанна Депинто баррасӣ шуд.

Инчунин дар вохӯрӣ вобаста ба табодули муҳаққиқону донишҷӯён дар самтҳои гуногун, омӯзиши забони англисӣ, ташкили ҳамоишҳои маҷозӣ-байналмилалӣ, амалӣ намудани таҳсилоти 2+2 ва гузаронидани олимпиадаҳои байналмилалӣ сухан гуфта шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE