МУЪМИНБОД: ТАҚДИМИ ЛИБОСУ ТУҲФАҲОИ СОЛИНАВӢ БА МАКТАБ – ИНТЕРНАТИ ЯТИМОН ВА БЕПАРАСТОРОН

Дар арафаи Соли нави мелодии 2021 аз ҷониби ҶДММ «Заркорон», Хоҷагии ҷангал ва бахши кор бо ҷавонон ва варзшии ноҳия ба 81 нафар тарбиятгирандагони Мактаб – интернати ятимон ва бепарасторони ноҳияи Муъминбод либосҳои болопӯш, пойафзолҳои зимистона ва туҳфаҳои солинав тақдим карда шуд. Инчунин, барои онҳо дастурхони идона ороста шуд, – иттилоъ медиҳад сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Бахтовар Каримзода.

Ба иттилои манбаъ раиси ноҳия Лутфия Шарифзода кӯдаконро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрик намуда, гуфт «шумоён ҳаргиз худатонро ятиму бепарастор нашуморед, чунки Сарвари давлат ва ҳукумати мамлакат ҳамеша ғамхору мададгоратон ҳастанд. Онҳо намегузоранд, ки шумо худатонро бе падару модар, танҳову нотавон ҳис кунед. Барои таълиму тарбия ва зиндагии сазовори Шумо шароит фарохам оварда мешавад. Шумо бояд танҳо барои хуб хондан саъю кӯшиш намоед, то ҳамчун фарзандони содиқи Ватан ба воя расида, ба халқ софдилона хизмат кунед».

Гуфта мешавад, ки айни ҳол дар Мактаб – интернати мазкур 81 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Аз ин шумора, 15 нафарашон духтарон мубошанд.

Ба иттилои директори Мактаб – интернати мазкур Сайфиддин Нуров, тарбиятгирандагон ба шароити лозима, ҷои хоб ва се вақт хӯрок таъмин мебошанд. “Ҳарчанд Мактаб-интернат ба хати тозаи барқ таъмин бошад ҳам, дар синфхонаҳо печҳои аловӣ насб карда шудааст, ки дар фасли сармо барои хонандагон гармӣ мебахшанд. Барои гузаронидани зимистон 3 тонна ангишт ва 120 куб ҳезум захира карда шуда, аз ҷониби соҳибкорони саховатпеша сӯзишворӣ ва дигар маводи сӯхт ба Мактаб –интернат ворид мешаванд”, – гуфт Сайфиддин Нуров.

Мирсаид САТТОРИЁН,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE