Вазири маориф ва илм бо роҳбари намояндагии барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд
Дар вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Намояндагии Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон (БОҶ СММ) Адҳам Мусаллам вохӯрӣ доир гардид.
Ҷонибҳо аз рушди ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ изҳори қаноатмандӣ карда, дастгириҳои Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ-ро дар Тоҷикистон дар татбиқи барномаи ғизои мактабӣ таъкид намуданд.
Адҳам Мусаллам изҳор дошт, ки Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ дар Тоҷикистон ҳамеша ҷиҳати рушди ҳамкорӣ ва иҷрои лоиҳаҳои муштарак бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст ва тавсеаи ҳамкорӣ сабаби пешрафту тараққиёти ҷонибҳо мебошад.