ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ЯКУМИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН НУРСУЛТОН НАЗАРБОЕВ СУҲБАТИ ТЕЛЕФОН АНҶОМ ДОДАНД

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев сурат гирифт.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти якуми Ҷумҳурии Қазоқистон ва дар шахсияти ӯ мардуми бародари Қазоқистонро ба муносибати фарорасии Соли Нав самимона табрик намуда, барои ҷомеаи Қазоқистон сулҳу субот ва шукуфоии минбаъдаро орзу намуданд.

Сарвари давлати мо ҳамчунин сипоси худро ба Нурсултан Назарбоев барои табрикоти гарму таманниёти нек ба унвони мардуми Тоҷикистон иброз доштанд.

Дар рафти суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон густариши бомуваффақияти муносибатҳои зичи дӯстиву ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни Тоҷикистону Қазоқистонро, сарфи назар аз оқибатҳои манфии пандемия, қайд карданд.

Инчунин, Сарвари давлати мо таъкид карданд, ки имрӯзҳо Ҷумҳурии Қазоқистон ба рӯйдоди муҳимми сиёсӣ – интихоботи парламентӣ омодагӣ мегирад. Дар ин иртибот ӯ ба сокинони Қазоқистон баргузории бомуваффақияти чорабинии мазкурро, ки омили боз ҳам бештар таҳким ёфтани субот, ризоият ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа арзёбӣ мегардад, таманно карданд.

Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки бо талошҳои муштарак шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон минбаъд низ ба нафъи мардумони ду кишвар тавсеа хоҳад ёфт.

www.president.tj

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE