Дар Хуҷанд 590 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода мешавад
Ноябрь 2, 2023 15:43
Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи таҳиягардида беш аз 590 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода мешавад. Дар ин хусус Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.
То имрӯз тибқи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанд 316 иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд, ки зиёда аз 50 фисади нақшаро дар бар мегирад.
Имрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд бо маблағгузории давлатӣ ва соҳибкорони ватанӣ сохтмони зиёда аз 125 иншооти таъйиноташон гуногун бомаром идома дошта, рӯзҳои наздик беш аз 10 адади он мавриди истифода қарор мегирад. Ҳамзамон соли равон бахшида ба ҷашни 35- солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ҳудуди шаҳр аз тарафи соҳибкорон 33 бинои истиқоматӣ сохта мешавад.