Дар Душанбе оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2023» муҳокимаи парламентӣ доир гардид

2 ноябр бо ташаббуси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия ва таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  соли 2023» дар 9 моҳи соли равон  муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Таъкид шуд, ки мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  моддаҳои 36 ва 37-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатӣ»-ро қабул ва ҷараёни иҷрои онро назорат менамояд. Яке аз роҳҳои баамалбарориии чунин назорат баррасию таҳлили ҳамаҷониба тавассути муҳокимаҳои парламентӣ ба ҳисоб меравад.Аз рӯи ин масъала раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия, Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Кумитаи андози назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муовини Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE