Намояндагони Тоҷикистон дар кори форуми минтақавӣ дар Қазоқистон иштирок намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви кумита оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Муҳаммадулло Шерализода ва муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулқодир Мавлодод дар форуми минтақавии «Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, дар роҳ ба сӯи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим « 5 давлат – 1 минтақа – 1 овоз», ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар форум роҳбарони сохторҳои давлатии мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва парлумонҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ, фаъолони ташкилоти ғайриҳукуматӣ, академӣ, илмӣ, намояндагони ташкилоти байналмилалӣ ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш- фаъолсозии ҳамкории минтақавӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ, ҳамоҳангсозии мавқеи давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳое, ки дар форум баррасӣ шудаанд, баланд бардоштани самаранокии иштироки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар кори форум арзёбӣ гардид.