Ҳайати Тоҷикистон дар Ҳамоиши Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуд

10 ноябр дар шаҳри Париж Ҳамоиши навбатии Париж оид ба масъалаҳои сулҳ бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, намояндагони баландпояи кишварҳо, роҳбарони ниҳодҳои байналмилалӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷии мамлакат Сироҷиддин Муҳриддин иштирок намуд. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иштирокдорони ҳамоиш перомуни масъалаҳои мубрами рӯз, андешидани чораҳо ҷиҳати коҳиши ташаннуҷи байналмилалӣ ва таҳкими сулҳу шукуфоӣ, аз қабили идоракунии глобалӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳалли мушкилоти фаромарзӣ, мудирияти муштараки иншооти мероси умумиҷаҳонӣ, танзими байналхалқии соҳаи киберӣ, муқовимат ба қаллобии иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳо табодули андеша намуданд.

Кори Форуми имсолаи Париж дар соҳаҳои гуногун 4 бахши мавзуи сулҳ ва амният, аз ҷумла ҳифзи сайёра ва сокинони он, таъмини эътимод ва амният дар ҷаҳони рақамӣ, ҳалли мушкилоти марбут ба нобаробарӣ ва суръат бахшидан ба татбиқи Ҳадафҳои рушди стратегӣ (SDGs) ва таъмини сулҳу бунёди ҷаҳони амнро дар бар гирифта, ба ин мақсад 49 лоиҳаи омодашударо ба нақша гирифт.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE