«Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» насиби кӣ мегардад?
Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рақобат барои ба даст овардани «Шоҳҷоиза»-и Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гпрдид. Дар ин давр ғолибони озмун, ки дар номинатсияҳои озмун ҷойҳои якумро ба даст оварданд, байни ҳам рақобати зеҳнӣ менамоянд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои ба даст овардани Шоҳҷоиза 11 нафар пешниҳод шудаанд, ки 1 нафари он барандаи ин ҷоиза гардида, 70 ҳазор сомонӣ ба даст меорад.
Бо мақсади шаффоф ва одилона интихоб намудани ғолиби «Шоҳҷоиза» имрӯз аз ҷониби раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.