Намояндаи Тоҷикистон ҷаласаи 18-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ дар Бокуро раисӣ намуд
20 ноябр дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи 18-уми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ (СПЕКА) оид ба савдо бо иштироки муовинони вазирон ва намояндагони давлатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистон, инчунин намояндагон аз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардид, ки онро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода раисӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.
Аҳлиддин Нуриддинзода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳамчун раиси Гурӯҳи корӣ оид ба корҳои иҷрогардида дар доираи СПЕКА, аз ҷумла масъалаҳо вобаста ба тақвияти ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СПЕКА, Стратегия оид ба содагардонии расмиёти савдои СПЕКА, тавсеа ва татбиқи минбаъдаи ҳадафҳо барои савдои устувор дар минтақа, таҳқиқот ва тавсияҳо вобаста ба монеаҳои ғайритарифӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақвияти иқтидори содиротӣ, диверсификатсияи содирот ва содагардонии расмиёти савдоро самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии Ҳукумати мамлакат дар соҳаи савдо муайян намуданд, ки дар натиҷаи он дар самти содагардонии расмиёти савдо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд корҳои назаррас амалӣ гардидаанд.
Аз ҷумла, Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо таъсис дода шуда, Портали савдои Тоҷикистон ва низоми «Равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротӣ, воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» расман мавриди истифода қарор дорад. Инчунин якчанд ҳуҷҷати стратегии марбут ба савдо қабул гардидаанд, ки ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии СПЕКА ва тақвияти ҳамгироии тиҷоратии минтақавӣ мусоидат менамоянд.
Иброз шуд, ки ҳамкории тиҷоратӣ бо давлатҳои аъзои СПЕКА марҳила ба марҳила дар ҳоли рушд қарор дорад, аз ҷумла гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва давлатҳои минтақаи СПЕКА дар нуҳ моҳи соли равон 26 фоизро ташкил дод.
Ҳамзамон дар доираи ҷаласа аз ҷониби коршиносони ташкилоти байналмилалӣ вобаста ба мавзуъҳои баррасигардидаи чорабинӣ ва рушди робитаҳои минтақавӣ рӯнамоҳо пешниҳод шуданд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон раисии Гурӯҳи кории СПЕКА оид ба савдоро ба уҳда дорад ва ҷаласаҳои он ҳамасола дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои СПЕКА дар яке аз давлатҳои минтақа баргузор мегарданд.