ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН ДАР АНТАРКТИДА. Ба иқболи мо бигузор он ҳамеша барафрохта бошад
Имрӯз 24 ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки соли 2009 Парчами давлатии Тоҷикистон дар Антарктида расман барафрохта шуд. Ташаббускори ин иқдом олими тоҷик, иқлимшинос Абдулҳамид Қаюмов мебошад.
Бо гузоштани Парчами давлатӣ дар Антарктида иқтидори илмии Тоҷикистон дар масъалаҳои муҳими экологӣ, бахусус омӯзиши пиряхҳои Антарктида ба ҷаҳониён муаррифӣ карда шуд.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ борҳо дар арсаи ҷаҳонӣ баланд барафрохта шудааст. Он дар баландтарин қуллаҳои кӯҳҳои Помир ва қариб 7 моҳ дар кайҳон парафшон буд. Ин ҳама ифтихор ва сари баланди мо аз доштани Парчами давлатиамон мебошад.
Тоҷикон дар таърихи навини худ бо Парчами давлати соҳибихтиёр узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардиданд. Мояи ифтихори ҳар яки мо аст, ки имрӯз дар қатори дигар мамлакатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол дар назди бинои ин созмони бонуфузи байналмилалӣ парафшон мебошад.
Воқеан, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпарасти мамлакат ба ҳисоб рафта, ҳар сол Рӯзи Парчами давлатӣ бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.
Парчами давлатӣ ҳамчун нахустин рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI сарнавиштсози Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ҷараёни он тақдири давлатдории навини тоҷикон тарҳрезӣ гардид, ба хотири таъмини сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ қабул гардид. Ҳанӯз аз давраҳои бостонӣ парчам барои мардуми куҳанбунёди тоҷик рамзи давлатдориву ватандорӣ, таҷассуми ҳувияти миллӣ, ифтихору шараф ва нангу номус ба шумор рафта, фарзандони сарсупурдаи халқамон барои ҳифзи он ҷоннисориҳо намудаанд.
Парчами миллӣ, ки ифодагари иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми фарҳансолори мо мебошад, ормону орзу ва мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст. Дар ҷаҳони муосир соҳиби парчами миллӣ будан яке аз рамзҳои асоситарини истиқлолу озодӣ ва давлатдории мустақил мебошад.
Ҳоло Парчами нахустини давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар экспозитсияи толори даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун нигораи нодири таърихӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад. Парчам дар гӯшаи Иҷлосияи ХУI Шурои Олӣ ба таври парафшон гузошта шуда, нигораи марказии ин гӯшаро ташкил медиҳад. Дар атрофи Парчам аксҳо аз ҷараёни Иҷлосияи ХVI Шурои Олӣ пешниҳод шудаанд, ки бо дидани онҳо мо бо ҷараёни иҷлосия шинос мешавем.