Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ доир шуд

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ  роҳпаймоии идона баргузор гардид.

Тазаккур дода шуд, ки Парчами давлатӣ ифодаи нангу номи ҳар шаҳрванд, баёнгари истиқлоли мамлакат, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикосгари фарҳангу тамаддун, азму иродаи устувори мардум, пайвандгари дирӯзу имрӯз, қутбнамои фардои нек ва ҳидоятгари иттиҳоду ҳамбастагии мардуми мамлакат ба шумор меравад. Пас аз баргузории роҳпаймоӣ барномаи рангини фарҳангӣ баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола дар мамлакат 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар фазои идона таҷлил мегардад. Парчами давлатӣ дар қатори дигар муқаддасотӣ миллӣ ҳамчун рамзи соҳибихтиёриву комилҳуқуқӣ дар фазои ваҳдати комил парафшон гардидааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE