Дар ташаккули шахсияти академик Бобоҷон Ғафуров модари ӯ -шоираи номдор Розияи Озод нақши ҳалкунанда бозид

Тавре қаблан иттилоъ додем, имрӯз дар маҷмааи «Кохи Ваҳдат» ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлат зимни суханронӣ оид ба ҳаёт ва фаъолияти пурсамари академик Бобоҷон Ғафуров ва аз муҳити тарбиятгирифтаи Қаҳрамони Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфтанд, ки «Бобоҷон Ғафуров дар муҳите тарбия ёфта буд, ки дар он муҳаббат ба илму дониш ва фарҳангу адаб арзиши баланд дошт. Аз ҷумла, модари ӯ шоираи номдор Розияи Озод, ки бо асарҳои адибони классики тоҷик, хусусан, бо осори устод Рӯдакӣ, Саъдӣ, Камоли Хуҷандӣ, Ҳофизу Бедил ва дигар шоирону донишмандон ошноии комил дошт, дар ташаккули шахсияти фарзанди худ нақши ҳалкунанда бозид».

Пешвои миллат хусусан ба нақши модар дар муҳайё намудани муҳити созгор ва ба роҳ мондани тарбияи дуруст таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз доштанд, ки «ҷавҳари ашъори ин модари огоҳу донишманд аз ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ иборат буд. Самараи тарбия дар фазои мусоиди оилавӣ буд, ки Бобоҷон Ғафуров баъдтар ҳамчун ходими сиёсиву давлатӣ, тарғибгари арзишҳои ҳаётбахши миллӣ ва таърихи пурифтихори миллати тоҷик дар фазои пӯшидаву мураккаби даврони хеш ба камол расид».

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба фаъолияти давлатӣ ва илмии академик Бобоҷон Гафуров иттилоъ дода, изҳор намуданд, ки ў аз корманди одии созмони ҷавонон, рӯзноманигорӣ ва муҳаққиқи таърихи халқи тоҷик то роҳбари аввали ҷумҳурӣ ва директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои давлати абарқудрати Шӯравӣ расида, зиёда аз 21 сол ин маркази бузурги илмиро сарварӣ намудааст.

Пешвои миллат ҳамчунин оид ба муҳтаво ва мундариҷаи нахустин мақолаҳои таҳлилию танқидии академик Бобоҷон Ғафуров дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Бедории тоҷик» маълумот дода, таъкид намуданд, ки “ мавзӯи асосии мақолаҳои академик аз масъалаҳои таърихӣ ва зиддияту муборизаи ҷомеаи нав ва куҳна иборат ёфта буданд. Бобоҷон Ғафуров навиштани мақолаҳои таърихиву сиёсӣ, таҳлилӣ ва илмиву оммавиро ҳангоми иҷрои вазифаҳои масъулиятноки ҳизбиву давлатӣ низ пайваста идома додааст».

«Дар мақолаҳои худ Бобоҷон Ғафуров илова ба масъалаҳои омода намудани кадрҳои баландихтисос, фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, такмили сатҳи дониши кормандони мақомоти давлативу ҳизбӣ ба таърихи бостонии халқи тоҷик, адабиёту фарҳанги пурғановати тоҷикон ва роҳҳои баланд бардоштани фарҳанги ҷомеа эътибори ҷиддӣ медод»,- тазаккур доданд Сарвари давлат.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE