Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант бинои нави таълимии филиали Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон»-ро ба истифода доданд

14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвоимиллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бораванди тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, шароити зиндагиисокинон, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ваамалишавии барномаҳои давлатӣ, вазъи корҳоикишоварзӣ ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъинотигуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ба вилояти Хатлонташриф оварданд.

Дар шаҳри Левакант Пешвои миллат муҳтарамЭмомалӣ Раҳмонро Раиси вилояти ХатлонДавлаталӣ Саид ва дигар масъулон гарму самимӣистиқбол гирифтанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарамЭмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Левакант нахуст биноинави таълимии филиали «Муассисаи давлатииДонишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорииТоҷикистон» дар вилояти Хатлонро ба истифодадода, бо имконоти муосири донишомӯзӣ дар он шинос шуданд.

Бинои нави филиали Донишгоҳи байналмилалиисайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар вилоятиХатлон аз рӯи лоиҳаи муосир бо мақсади боз ҳамбаланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар асоси стандартҳои ҷаҳонӣ дар партави сиёсатимаорифпарваронаи Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои махсусимуассисаи таълимӣ дар масоҳати 1,55 гектар сохташудааст.

Бунёди иншооти нави соҳаи маориф дар доираитадбирҳои созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳмонда шуда, аз таҳхона ва 7 ошёна иборатмебошад.

Бинои таълимӣ барои 2500 донишҷӯ дар як бастпешбинӣ гардида, дорои 27 ҳуҷраи корӣ, 37 синфхонаи барҳавои таълимӣ, 4 марказ, аз ҷумлаМаркази таҳқиқотии иқтисоди  «сабз», Марказиҳамкории байналмилалӣ ва татбиқи лоиҳаҳо, Маркази забони русӣ, Маркази зеҳни сунъӣ, озмоишгоҳҳои фаъолияти гумрукӣ ва 1С муҳосиботмебошад.

Бунёди меҳмонхонаи таълимӣ, сервиситарабхонавӣ ва тарабхонаи таълимӣ бо тамомидастгоҳу аёниятҳои омӯзишӣ муҷаҳҳаз, китобхонаҳои илмӣ — электронӣ бо махзани ғанииадабиёти бадеиву соҳавӣ ва толорҳои хониш бо 120 ҷойи нишаст, маҷлисгоҳ ва ошхона мутаносибан бо500 ва 130  ҷойи нишаст аз имкониятҳои дигарииншооти нав аст.

Парки технологӣ ва филиали институти илмӣ – тадқиқотии донишгоҳ дар бинои нав аз бахшҳоидигари филиал аст, ки бо мақсади татбиқидонишҳои назариявии донишҷӯён дар амалия ваамиқтар омӯхтани илмҳои муосир дар доираиҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳоитабиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илмумаориф» ҷойгир карда шудаанд.

Ҷараёни таълим дар филиали Донишгоҳибайналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистондар вилояти Хатлон дар шуъбаи таҳсили рӯзона вафосилавӣ аз рӯйи низоми таҳсили кредитӣмувофиқи нақшаю барномаҳои давлатии таълимӣба роҳ монда шудааст.

Дар филиал имрӯз беш аз 930 нафар аз рӯи 15 ихтисос, аз ҷумла сайёҳат ва осоишгоҳи табобатӣ, хадамоти гумрук, иқтисодиёт ва ташкилиистеҳсолот, молия ва қарз, муносибатҳоибайналмилалӣ ва идораи давлатӣ ба таҳсил ҷалбгардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонзимни боздид аз имконоти муассиса ва фаъолиятимарказу озмоишгоҳҳои илмӣ – тадқиқотӣ таъкиднамуданд, ки бо истифода аз чунин шароит ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ таваҷҷуҳихоса зоҳир карда шавад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки бо ифтитоҳибинои мазкур баробари кормандон 100 нафариловатан бо ҷойи кор таъмин гардида, оянда боназардошти то 5 ҳазор расонидани донишҷӯён ин нишондод боло хоҳад рафт.

Донишгоҳ имрӯз бо беш аз 160 муассисаитаҳсилоти олии касбӣ ва илмии хориҷӣ, инчунинташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣҳамкории судманд дошта, бо мақсади баланд бардоштани маҳорату савияи тахассусӣ табодулиакадемии омӯзгорону донишҷӯёнро роҳандозӣнамудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз имконоти муосир дар бинои нави филиалиМуассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалиисайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» дар вилоятиХатлон бо таъсиси марказу озмоишгоҳҳоизамонавӣ ва марказҳои инноватсионии аз худ кардани малакаҳои касбӣ барои донишҷӯён, ки дар самти амалишавии нақшаву барномаҳои таълимӣ, хусусан ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушдифанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаиилму маориф», солҳои 2020 — 2040 мусоидатмекунанд,  изҳори қаноатмандӣ карда, бароиистифодаи васеи имконоти омӯзишӣ  ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омоданамудани мутахассиони касбӣ дастуру маслиҳатҳоисудманд доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE