Маъракаи ваксинатсия бар зидди COVID-19 дар Душанбе. Аз 18-сола боло ваксина мегиранд

24 июн дар шаҳри Душанбе бо мақсади  пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории COVID-19 маъракаи ваксинатсия миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло оғоз гардид. Шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд  барои  гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ваксинатсия ягона роҳи эмин мондан аз сирояти коронавируси нави COVID-19 мебошад. Тибқи тавсияи мутахассисон танҳо бо гирифтани ваксина  ҳар як нафар метавонад худ ва наздиконашро аз сирояти COVID-19  эмин нигоҳ дорад.

Ёдовар мешавем, ки марҳилаи аввали маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус миёни кормандони соҳаи тандурустӣ,  соҳаи маориф ва илм ва шахсони аз 60- сола боло 23 марти соли равон  ва марҳилаи дуюми  он 25 май  оғоз гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE